Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Саҳифаи асоси
Меҳмонхонаи Вахш аз соли 1936-1938 сохта ва ба истифода дода шудааст. Дар солҳои ҷанги бузурги Ватани ҳамчун госпитали ҳарби истифода шуда ва баъд аз ҷанг то ба имрӯз Ҳамчун меҳмонхона истифода мешавад. Меҳмонхона дорои 42-ҳуҷра ва 84-ҳои хобби мебошад. Дар назди меҳмонхона тарабхона, қаҳвахона, сартарошхона ва қаҳвахонахои мавсими амал мекунанд, ки ба мизоҷон хидмат мекунанд.



Аз 42 ҳуҷра 12-тои он ҳуҷраҳои шароитдоштаи люкси иборат буда нархи як ҳуҷра барои меҳмонҳои хориҷи 200-сомонӣ ва барои шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон 150-сомониро ташкил медиҳад. 30-ҳуҷраи он қисман шароит дошта барои меҳмонҳои хориҷӣ 150-сомони ва барои шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон 100-сомониро ташкил медиҳад.

Меҳмонхона дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир буда, барои сайругашт ва зист бисёр қуллай аст.